• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ ВА РУШДИ УСТУВОР ДАР РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ ВА РУШДИ УСТУВОР ДАР РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Рӯзи 6-уми июни соли 2026 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи экологӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, олимон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
 
Чорабинӣ ба намоиши дастовардҳои илмӣ, тарғиби фарҳанги экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти ҳифзи муҳити зист равона гардид.
 
Дар доираи намоишгоҳи экологӣ кормандони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо устодону муҳаққиқони донишгоҳ ва волонтёрони ҳаракати «Нигоҳи сабз» иштироки фаъолона намуда, дастовардҳои илмӣ, маводҳои таҳлилӣ ва натиҷаҳои лоиҳаҳои амалишудаи худро дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз муаррифӣ карданд.
 
Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ бо дастовардҳои илмии институт дар самтҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ, иқтисоди сабз, рушди устувор, амнияти экологӣ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор аз наздик шинос гардида, ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муассиса таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
 
Дар ҷараёни чорабинӣ волонтёрони «Нигоҳи сабз» ба меҳмонон ва иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ тақсим намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиши ифлосшавии муҳити зист, сарфаи обу энергия ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ анҷом доданд.
 
Иштироки фаъоли кормандон ва волонтёрон дар ин чорабинӣ боз як маротиба аҳамияти ҳамгироии илм, маориф ва ҷомеаро дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист нишон дода, саҳми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзро дар пешбурди сиёсати экологӣ ва рушди устувори кишвар боз ҳам намоён гардонд.
 
Ҳифзи муҳити зист масъулияти муштараки ҳар як шаҳрванд буда, танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа метавон муҳити солим ва ояндаи устуворро барои наслҳои имрӯзу фардо таъмин намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *