• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР  ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ИДОРАКУНИИ  ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ба баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёна ва ҳаво дар кураи Замин аз таъсири манфии он ба ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ин росто як қатор тадбирҳои сиёсӣ ва стратегиву барномаҳои муҳим роҳандози гардидаанд.

Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони милали Мутаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (1992) ва Созишномаи Париж (22 апрели соли 2016) ҳамроҳ гардид.

Созишномаи Париж созишномаест, ки дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аст, ки чораҳои коҳиш додани таркиби гази карбон дар атмосфераро аз соли 2020 инҷониб, аз ҷумла нигоҳ доштани болоравии миёнаи ҳарорати ҷаҳонӣ «хеле пасттар» аз 2°С ва ба харҷ додани талошҳоро барои маҳдуд намудани болоравии ҳарорат то 1,5°С танзим мекунад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2015 дар Париж зимни суханронии худ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим чунин изҳор карда буданд:

«Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрўз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рў ба рў гардидаанд. Кишвари мо, ки 93 фоизи қаламраваш кўҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад.

Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидаанд.

Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад.

Танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат ба садҳо миллион долари амрикоӣ зарари моддӣ расидааст. Мутаасифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардидаанд».

Тағйирёбии иқлим дар шароити имруза ба болоравии ҳарорати ҳаво ва афзоиши ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ инчунин ба захираҳои об ва низоми обёрӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Даҳсолаҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли афзоиши ҳарорати ҳаво ба мушоҳида мерасад, ки ин раванд ба суръат авҷ гирифтани обшавии пиряхҳо оварда мерасонад. Обшавии пиряхҳо дар навбати худ метавонад ба таъминоти устувори соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика ва кишоварзӣ, таъсири назаррас расонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ буда, онҳо дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши калидӣ доранд. Қисми зиёди захираҳои обие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташаккул меёбанд, барои истифода дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ мувофиқ мебошанд.

Ҳамзамон, захираҳои об манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ ба ҳисоб рафта, тақрибан 98 фоизи қувваи барқ дар кишвар тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи дастрасӣ ба оби нўшокии бехатар буд. Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015) дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши об мусоидат намуд. Минбаъд Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор» (2018-2028) бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти идоракунии захираҳои об, такмили сиёсати об ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор роҳандозӣ гардид.

Пешниҳод ва қабули як қатор ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), таъсиси Рўзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, бозгўи равшани сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим мебошад. Ин ташаббусҳо ба таҳкими амнияти обӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои имрўзу оянда равона гардидаанд.

Идоракунии захираҳои об яке аз масъалаҳои калидӣ дар низоми иқтисодии давлатҳо ва самти муҳими тадқиқоти илми муосир ба ҳисоб меравад. Захираҳои об барои рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти хос доранд. Дар шароити тағйирёбии иқлим истифодаи самараноки захираҳои об ва ҳифзи манбаъҳои табиӣ ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар минтақаи Осиёи марказӣ ба шумор меравад. Хушксолӣ, тағйирёбии низоми боришот ва обу ҳавои номусоид ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ таъсири манфӣ расонида, аз ҷумла боиси паст шудани самаранокии низоми обёрӣ, талафоти об, шўршавии хок, обхезӣ ва коҳиши ҳосилнокии зироатҳо гардидаистодааст. Маълумотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки то соли 2050 ҳарорати миёна метавонад то 2°С афзоиш ёфта, ҳамзамон миқдори боришоти миёна коҳиш ёбад. Ин раванд метавонад ба коҳиши ҳаҷми пиряхҳо оварда расонад ва эҳтимол меравад, ки то соли 2050 тақрибан 30 фоизи массаи пиряхҳо аз байн равад.

Натиҷаҳои таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иқлим ин ифлосшавии атмосфера ва афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ мебошад. Кам гардидани майдони ҷангалҳо, афзоиши корхонаҳои саноатӣ боиси тағйирёбии мувозинати газӣ дар атмосфера гардида, ҳарорати умумии сайёраро баланд мебардорад. Тибқи пешниҳоди олимон, афзоиши ҳарорати миёнаи глобалӣ метавонад ба баланд шудани сатҳи оби уқёнусҳо ва афзоиши хавфи офатҳои табиӣ оварда расонад.

Тағйирёбии иқлим инчунин ба афзоиши шумораи офатҳои табиӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи арзёбиҳои ширкатҳои байналмилалии таҳлили хавф, хисороти иқтисодии ҷаҳонӣ аз офатҳои табиӣ сол ба сол афзоиш ёфта, миллиардҳо доларро ташкил медиҳад.

Дар ин замина сиёсати давлатии Ҷумҳўрии Тоҷкистон ба татбиқи барномаҳои пилотии мутобиқшавӣ барои бахшҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, барои коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим чорабиниҳои зерин аҳамияти муҳим доранд:

– бунёд ва барқарор намудани бешазорҳо дар минтақаи шаклгирии дарёҳо;

– бунёди обанборҳо, ҷиҳати ба танзим даровардани реҷаи оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иқлими муътадил;

– бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ;

– баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ.

Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи гузашта, ки ба камшавӣ ва нестшавии захираҳои обӣ ва инчунин обшавии пиряхҳо сабаб гардид, ки ба ҳолати фоҷиаовар оварда расонд. Тамоюлҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва таназзули афзояндаи захираҳои табиӣ, офатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ кўшишҳои моро барои ноил шудан ба рушди устувор ба таври ҷиддӣ халалдор мекунанд.

Маълум аст, ки чораҳои муассир оид ба коҳиш додани оқибатҳои ин тамоюлҳо муттаҳидсозии талошҳоро барои гузариш ба иқтисоди сабз дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тақозо мекунанд. Агар шарики ба ин самтҳои калидӣ равона карда шавад, метавонад дар роҳи рушди устувор пешрафти назаррас ба даст орад.

Хоҷаев Ҷамшед Файзуллоевич
Ходими калони илмии шуъбаи тадқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиии
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *