
САМАРАНОКИИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА САРФАИ ЭНЕРГИЯ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ
29-уми майи соли 2026 дар доираи ҳамкории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ дар доираи лоиҳаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо «Бастаи кӯмаки техникӣ барои Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» вохӯрии намояндагони лоиҳа бо кормандон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Владимир Усиевич – роҳбари лоиҳаи мазкур ва коршиноси пешбари соҳаи энергетикаи устувор маърӯза намуда, иштирокчиёнро бо самтҳои асосии татбиқи лоиҳа, ташаббусҳо дар соҳаи энергетикаи устувор, инчунин фаъолиятҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ дар кишвар равона гардидаанд, шинос намуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба корҳои иттилоотию маърифатие, ки дар доираи лоиҳа амалӣ мешаванд, зоҳир карда шуд. Намояндагони лоиҳа дар бораи буклетҳои иттилоотии таҳияшуда маълумот доданд, ки тавсияҳои амалӣ оид ба истифодаи оқилонаи неруи барқ дар шароити маиширо дар бар мегиранд. Маводи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба роҳҳои сарфаи энергия, истифодаи таҷҳизоти маишии каммасраф, равшанидиҳии самаранок, коҳиш додани талафоти энергия ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ равона шудаанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ маросими тантанавии супоридани ифтихорномаҳо ба донишҷӯён-волонтёроне, ки дар баргузории Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ баҳри рушди устувор: GREEN. DIGITAL. SMART» саҳми арзанда гузоштанд, баргузор гардид. Иштирокчиёни фаъол барои ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва мусоидат дар ташкили бомуваффақияти чорабинӣ қадрдонӣ шуданд.
Баргузории чунин вохӯриҳо ба таҳкими ҳамкорӣ миёни ҷомеаи академӣ ва коршиносони соҳаи рушди устувор, инчунин ҷалби ҷавонон ба татбиқи ташаббусҳое, ки ба дастгирии энергетикаи устувор ва иқтисоди сабз дар Тоҷикистон равона шудаанд, мусоидат менамояд.




















