
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК ҲАМЧУН АФЗАЛИЯТИ ҶОМЕА
1 июн дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо ҷашни кӯдакӣ ва рамзи шодиву хушбахтии насли наврас мебошад, инчунин аҳамияти таъмини ҳуқуқ, амният, некӯаҳволӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як кӯдакро барои ҷомеа бори дигар таъкид менамояд.
Кӯдакон арзишмандтарин сарвати ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд. Ояндаи ҳар як кишвар аз он вобастагии зиёд дорад, ки насли наврас то чӣ андоза дар муҳити солим ба воя расида, аз ҷиҳати ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва маънавӣ рушд меёбад. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, оила, муассисаҳои таълимӣ ва тамоми ҷомеа маҳсуб меёбад.
Ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, ҳифзи саломатӣ, ғамхорӣ, амният ва ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва табъиз аз ҷумлаи ҳуқуқҳои бунёдии ҳар як кӯдак маҳсуб меёбанд, ки эътироф ва таъмини онҳо яке аз шартҳои асосии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин ҳуқуқҳо дар санадҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 1989), инчунин дар қонунгузории миллии аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам гардидаанд. Бо вуҷуди ин, таъмини воқеии ин ҳуқуқҳо на танҳо мавҷудияти заминаҳои мукаммали ҳуқуқиро талаб менамояд, ҳамзамон татбиқи пайвастаи чораҳои амалӣ ва сиёсати муассирро низ тақозо мекунад, ки ба дастгирии кӯдакон ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушду камолоти ҳамаҷонибаи онҳо равона гардидаанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, кӯдакон ҳамзамон ба имкониятҳои нави рушду такомули шахсӣ ва ба як қатор чолишҳо ва таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мегарданд. Дар қатори чунин таҳдидҳо масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, паҳншавии кибербуллинг, нобаробарии иҷтимоӣ, тағйирёбии муҳити зист ва дигар омилҳои хавфзо қарор доранд, ки метавонанд ба рушди ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдакон таъсири номатлуб расонанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин самт барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди низоми маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии оилаҳо ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аҳамияти махсус дода мешавад, зеро ташаккули чунин арзишҳо заминаи муҳими рушди ҷомеа ва пешрафти давлат ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Заминаҳои асосии ҳуқуқии ҳифзи кӯдакон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, мутобиқи он модарӣ ва кӯдакӣ таҳти ҳимоя ва сарпарастии махсуси давлат қарор доранд. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» (соли 2015) нақши муҳим дорад, зеро он асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва кафолатҳои давлатии татбиқи онҳоро муайян менамояд. Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (соли 2011) ҳамчун механизми муҳими таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани масъулияти оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ҷиҳати таълиму тарбия ва рушди насли наврас равона гардидааст. Илова бар ин, масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тавассути Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ ба танзим дароварда мешаванд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи устувори ҳуқуқиро барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ҳифзи амният, дастрасӣ ба таҳсил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо дар кишвар муҳайё месозанд.
Бешубҳа, масъулияти асосӣ дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон бар дӯши калонсолон қарор дорад. Ҳар як кӯдак бояд худро дӯстдошта, ҳифзшуда ва нисбат ба ояндаи худ дилпур эҳсос намояд. Дар баробари қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддии кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва эҷодии онҳо низ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин ташаккули муҳити бар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод яке аз омилҳои калидии тарбияи шахсияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдак ба шумор меравад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти масъулияти муштараки давлат ва ҷомеаро дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон таъкид менамояд. Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон бояд ҳамчун вазифаи доимӣ ва афзалияти муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ арзёбӣ гардад. Танҳо дар шароити ҳамкории муассири давлат, оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон заминаҳои мусоидро барои рушди ҳамаҷониба, ҳифзи ҳуқуқҳо ва ташаккули насли солиму соҳибмаърифат фароҳам овард, ки ояндаи устувори кишвар аз онҳо вобаста аст.
Бодурова Гулшан Гурезовна – муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳои
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайеҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
