
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ДИПЛОМАТИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
25 майи соли 2026 дар Қасри миллат рӯйдоди муҳиму рамзие баргузор гардид, ки боз як маротиба ҷойгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дар таҳкими сулҳ, субот ва ҳамкории минтақавӣ таъйид намуд. Маросими сарфарозгардонии Пешвои миллат бо ҷоиза ин эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид на танҳо қадршиносии фаъолияти як роҳбари давлат, балки арҷгузорӣ ба сиёсати сулҳпарварона ва башардӯстонаи дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ бештар бо рақобатҳои геополитикӣ, ихтилофҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ шудаанд, арзиши сулҳ ва фарҳанги муколама беш аз ҳар вақти дигар аҳаммият пайдо кардааст. Дар чунин шароит нақши шахсиятҳое, ки тавони муттаҳидсозии ҷомеа, барқарор намудани эътимод ва таҳкими ҳамдигарфаҳмиро доранд, махсус арзёбӣ мегардад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, эътирофи байналмилалии Пешвои миллат ҳамчун шахсияти сулҳофар аҳаммияти хос дорад.
Таҷрибаи таърихии худ далели равшани аҳаммияти сулҳ аст. Мардуми тоҷик ҳанӯз паёмадҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардаанд. Дар ҳамон давраи ҳассосу сарнавиштсоз, сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат барои барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид. Имрӯз ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ҷонибдори ҳамкории созанда дар минтақа шинохта мешавад. Ин обрӯ ва эътимод дар натиҷаи сиёсати пайгирона ва дипломатияи мутавозин ба даст омадааст.
Дар солҳои охир нақши дар таҳкими муносибатҳои ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ низ назаррас гардид. Имзои созишномаҳои таърихӣ оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва тавсиби Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ миёни кишварҳои минтақа, фазои нави эътимод ва ҳамгироиро ба вуҷуд овард. Осиёи Марказӣ, ки солҳои пеш баъзан ҳамчун минтақаи дорои ихтилофҳои музмин арзёбӣ мешуд, имрӯз тадриҷан ба фазои ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил меёбад. Дар ин раванд саҳми дипломатияи тоҷик ва иқдомҳои Пешвои миллат хеле муҳим аст.
Ҷоизаи Донишгоҳи сулҳи СММ, ки барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар таъсис ёфтааст, эътирофи байналмилалии ҳамин сиёсат ва ҳамин дидгоҳи башардӯстона мебошад. Ин ҷоиза на танҳо қадршиносии фаъолияти як шахсият, балки арҷгузорӣ ба нақши ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳхоҳ ва ҷонибдори ҳамкории созандаи байналмилалӣ аст.
Таърих ҳамеша нишон додааст, ки давлатҳо на танҳо бо қудрати иқтисодӣ ё низомӣ, балки бо нуфузи маънавӣ ва саҳмашон дар ҳалли мушкилоти башарият дар хотираҳо мемонанд. Имрӯз маҳз тавассути сиёсати сулҳпарварона, ташаббусҳои байналмилалии обиву иқлимӣ ва дипломатияи созанда мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким мебахшад.
Эътирофи Пешвои миллат аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид бозгӯи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи дар роҳи сулҳ, дӯстӣ ва рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди эҳтиром ва дастгирӣ қарор дорад. Ин рӯйдод барои ҳар як шаҳрванди мояи ифтихор буда, нишон медиҳад, ки овози сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон шунида мешаванд.
Қурбонов Маъруф Муидинович
Ходими илмии
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
