• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Маросими расмии ҷамъбаст ва супоридани сертификатҳо ба иштирокчиёни “Лагери экологӣ”

Маросими расмии ҷамъбаст ва супоридани сертификатҳо ба иштирокчиёни “Лагери экологӣ”

Масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки дар ҳамин замина баргузории “Лагери экологӣ” ҳамчун иқдоми муҳиму саривақтӣ маънидод мегардад.
Лагери мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши маърифати экологии ҷавонон мусоидат намуд.
Санаи 24 апрели соли 2026 дар толори конфронсии Донишкадаи байналмилалии Левакант маросими расмии ҷамъбасти “Лагери экологӣ” бо иштироки роҳбарияти донишкада, Директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ, профессор, Шарофзода Фарҳод Раззоқ, инчунин намояндагони созмони мазкур баргузор гардид.
Зимни суханрониҳо зикр шуд, ки лагер дар давоми рӯзҳои баргузории худ ба платформаи муассири таълимӣ ва амалӣ табдил ёфта, иштирокчиён тавонистанд донишу малакаҳои худро дар самти ҳифзи муҳити зист, рушди “иқтисоди сабз” ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ такмил диҳанд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба иштирокчиён, ки дар тамоми машғулиятҳо ва иқдомҳои экологӣ иштироки фаъолона доштанд, сертификатҳо тақдим карда шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки дар доираи баргузории лагер як қатор иқдомҳо, аз ҷумла корҳои ободониву кабудизоркунӣ амалӣ гардида, зиёда аз 800 адад гулу буттаҳои ороишӣ дар саҳни Донишкада шинонида шуданд, ки ин ба беҳдошти муҳити зист ва зебоии атроф таъсири мусбат гузошт.
Дар фарҷом, маросим бо бардоштани акси хотиравӣ анҷом ёфта, иштирокчиён бо донишу таҷрибаи ғанӣ ва руҳияи баланд фаъолияти минбаъдаи худро дар самти ҳифзи муҳити зист идома хоҳанд дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *