
Донишкадаи байналмилалии Левакант аз баргузории лагери экологӣ мизбонӣ менамояд.
20 апрели соли 2026 дар толори конфронси МД “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и ДБССТ маросими расмии ифтитоҳи лагери экологӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳифзи муҳити зист ташкил ва баргузор карда мешавад.
Зимни ифтитоҳи лагери мазкур, ректори донишкада, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад ва Директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ, профессор, Шарофзода Фарҳод Раззоқ доир ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳалли масъалаҳои глобалии муҳити зист ва ташаккули тафаккури “сабз” суханронӣ намуда, ҷавонону иштирокдоронро ба пайрави аз иқдомҳои наҷибонона ва ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.
Ҳамзамон, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ аз ҷумла, роҳбари бахши иқтисодӣ-экологии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе Кэролин Апхэм суханронӣ намуда, аз таҳкими иқтидори ҷавонон дар самти рушди устувор ёдоварӣ намуд.
Барномаи лагери экологӣ, ки аз 20 то 24 апрел идома меёбад, фарогири як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ, машғулиятҳои амалӣ ва тренингҳои интерактивӣ мебошад ва дар ҳамин замина МД “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и ДБССТ ифтихорманд аст, ки муассисаи майдони муколамаҳои байналмилалӣ мебошад.
















