
АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САМАРАИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ифтихору эҳтироми хоса таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо як ҷашни касбӣ, балки рамзи шуҷоат, матонат, ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошад. Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ва кафили истиқлолияти давлатӣ эътироф гардидааст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991, бо ташабусҳои созандагию ҷонисориҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии рушд ворид гардид. Истиқлолият барои давлат имконият фароҳам овард, ки сиёсати мустақилонаи дохилӣ ва хориҷиро пеш барад. Аммо дар баробари ин, масъулияти бузурги ҳифзи амният, тамомияти арзӣ ва суботи ҷомеа низ ба миён омад, ки дар чунин шароит таъсиси неруҳои мусаллаҳи миллӣ амри зарурӣ ва таъхирнопазир ба шумор мерафт.
Вобаста ба ин, таъсиси расмии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 23 феврали соли 1993 рост меояд, ки ин сана дар таърихи давлатдории навини кишвар ҳамчун саҳифаи тақдирсоз сабт гарпдидааст.
Дар таърихи таъсис ва рушди Артиши миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият, ки кишвар бо мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида буд, таъсиси неруҳои муназзами ҳарбӣ кори осон набуд. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, пояҳои устувори Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, ҳамзамон як қатор қонунҳо, аз он ҷумла: қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа аз 04.11.1995, №208, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.1996, №316, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ аз 29.01.2021, №1753 ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба мудофиа ва хизмати ҳарбӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар заминаи қонунгузории миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Ин иқдомҳо барои ба низом даровардани фаъолияти ҳарбӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти афсарону сарбозон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамзамон, барои муҷаҳҳаз гардонидани қисмҳои ҳарбӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир, бунёду таҷдиди пойгоҳҳои ҳарбӣ ва беҳтар намудани шароити хизмат тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд. Сохтмони иншоотҳои ҳарбӣ, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо шароити зист ва баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардид.
Вазифаи асосии Артиши миллӣ ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Ҳамзамон, Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадоранд сарҳадҳои давлатиро муҳофизат намоянд, амнияти шаҳрвандонро таъмин кунанд, дар ҳолатҳои фавқулода ба аҳолӣ кӯмак расонанд ва омодагии доимӣ ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳ ва суботи сарто сарӣ дар кишвар бошанд.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва таҳдидҳои нави амниятӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии низомӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти хоса дорад.
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиа хусусияти сулҳҷӯёна дошта, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботи дарозмуддат равона шудааст. Дар ин раванд, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҳарбӣ асос меёбад.
Бо дастгирии роҳбарияти давлат, сатҳи омодагии касбии афсарону сарбозон пайваста баланд бардошта мешавад. Машқҳои ҳарбӣ, тамринҳои муштарак ва курсҳои такмили ихтисос барои омода намудани мутахассисони баландпоя мусоидат менамоянд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо таъмини омодагии ҳамаҷониба барои ҳифз ва ҳимояи Ватани азиз мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мебошад. Зеро ҷавонон неруи асосии ҷомеа ва ояндаи давлатанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди кишвар қарзи шаҳрвандӣ ва мояи ифтихор буда, Артиши миллӣ на танҳо неруи ҳарбӣ, балки мактаби мардонагӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва иродаи қавӣ мебошад. Дар ин мактаб ҷавонон сабақи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ меомӯзанд.
Хулоса таҷлили Рузи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрат, ваҳдат ва устувории давлат мебошад. Он дастоварди муҳими даврони истиқлол буда, дар шароити мураккаби таърихӣ таъсис ёфта, имрӯз ба як неруи муназзам ва тавоно табдил ёфтааст, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои содиқонаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста рушд намуда, иқтидори мудофиавии давлатро таҳким мебахшанд. Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Эҳтиром ва қадрдонӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи арҷгузорӣ ба сулҳу оромӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азиз мебошад.
Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед – мудири шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
